Тоҷикистон ба бахши иҷтимоии кишвар дар соли 2020 беш аз 1 миллиард доллар равона кард

Дар соли 2020 аз буҷети Тоҷикистон ба бахши иҷтимоии кишвар нисбат ба соли равон 75 миллион доллар бештар равона хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи иҷтимоии кишвар дар соли 2020 11 миллиарду 310 миллион сомонӣ (беша 1,1 миллиард доллар ) равона хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ҷамъбасти сафари раисиҷумҳур ба Суғд: Раҳмон таассуроташро гуфт

Маблағи мазкур нисбат ба соли равон 726 миллион сомонӣ, ки муодили 75 миллион доллар мебошад, зиёд будааст.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба бахши иҷтимоии кишвар 43,2 дарсад аз ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар будҷаи кишвар дар соли 2020 пешбинӣ шуда буд, равона хоҳад шуд.

Нақшаи андоз иҷро нашуд: муовини раиси Кумита сабабашро гуфт

Бояд қайд кард, ки дар соли равон будҷаи Тоҷикистон 23 миллиарду 774 миллион сомонӣ (2,455 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад. Аммо то ҳол ҳаҷми будҷаи соли оянда маълум нест.

Дар ҳоли ҳозир, ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи будҷаи давлатӣ барои соли 2020”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Қарор аст, лоиҳаи мазкур то охири моҳи сентябр соли равон ба Парлумони Тоҷикистон пешниҳод шавад.