Обуҳавошиносон: дар Хатлон чангу ғубор дар пойтахт ҳавои абрноку гарм дар назар аст

Имрӯз ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаву абрнок мешавад, гармии ҳаво дар шаҳри Душанбе то ба 31 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда, абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 29+31  дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои камабру бебориш: ҳарорати ҳаво дар Душанбе то 37 дараҷа мерасад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16  ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ҳаво тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона  19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор  дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.