Дастгоҳҳое, ки вазифаи дил, шуш ва гурдаро иҷро мекунанд: кумаки Кувайт ба Тоҷикистон

Давлати Кувайт ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 20 намуди дастгоҳҳои тиббӣ ба миқдори 58 ададро тақдим кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, вазир Насим Олимзода зимни қабули дастгоҳҳои тиббӣ ба ҷониби Кувайт изҳори миннатдорӣ карда, зикр намудааст, ки созишномаи ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ миёни ду давлат 23 июни соли 2013 ҳангоми сафари давлатии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт имзо шуд.

Бо фармони Раҳмон роҳбари маркази тиббии “Шифо” бо “Медали хизмати шоиста” қадрдонӣ шуд

“Ман имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайтро бовар мекунонам, ки вазорат ба қадри таҷҳизоти воридшуда ба муассисаҳое, ки дар ҳақиқат ба ин таҷҳизот ниёз доранд, мерасад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои босамар ва мақсаднок истифода бурдани таҷҳизоти мазкур тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд”, – иброз доштааст вазир.

Шамсиддин Бурҳонов, мудири шӯъбаи ҷарроҳии дили  Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо  изҳор доштааст, ки 20 намуд дастгоҳ ба миқдори 58 адад ба марказ ворид шуда, аз байни инҳо дастгоҳи ЭКМО нахустин бор ба ҷумҳурӣ дохил шудааст.

Раиси Хатлон ба пизишкони пешқадам 5 ҳазор сомонӣ дод

“Боқимонда дастгоҳу таҷҳизоти тибби муосир – дастгоҳи хунгардиши сунъӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ дар дили кушода, вазифаи дил ва шушро иҷро мекунад,  дастгоҳи диалез,  ҳангоми ҷарроҳии гурда кори гурдаҳоро иҷро мекунад, дастгоҳи наркоз – барои нафасдиҳии сунъӣ ҳангоми беҳисгардонӣ,  боз дастгоҳ барои хориҷ кардани моеъҳои нолозим аз ковокии қафаси сина ва шикам, кардиомонитор кори узвҳои ҳаётан муҳимро  мушоҳида мекунад”, - тавзеҳ додааст Бурҳонов.

Ӯ таъкид намудааст, ки ҳамаи ин дастгоҳҳо воқеан дар фаъолияти табибон зарурӣ ба ҳисоб мераванд.