ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштиҷи вилояти Суғд барои додани билети ҳарбӣ 8000 сомонӣ талаб кардаст, хабар медиҳад Ожонсии мубориза бо фасод.
Бино бар иттилои манбаъ, Тухтаев Достонҷон Мухторович, ки дар вазифаи иҷрокунандаи масъули зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кор мекард, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд "А" барои ба номи писараш тайёр карда додани билети ҳарбӣ маблағи 8000 сомониӣ талаб кардааст.
Қаллобӣ: билети ҳарбии афсарӣ ба ивази 1000 доллар дар Душанбе
Манбаъ меафзояд, корманди комиссарияти ҳарбӣ аз ин маблағ 6000 сомониашро гирифта тасарруф намуда, ба манфиати шаҳрванд "А" ягон амали муайянро иҷро накард.
Пул бидеҳу сарбозӣ нарав: боздошти пизишк ба иттиҳоми ришваситонӣ дар Ҳисор
Зимнан гуфта мешавад, ки оиди ин ҳолат нисбати Тухтаев бо моддаи 247 қисми 2 банди "б" Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.