ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумон, вакилон аз 10 то 18 сентябри соли равон бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд.
Муҳамадато Султонов, котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба "Ховар" хабар додааст, ки мулоқоту суҳбатҳои мазкур дар асоси дастури Маҷлиси намояндагон сурат мегиранд.
"Дар ин муддат вакилони мардумӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, бо интихобкунандагон вомехӯранд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки тайи як ҳафта вакилони Маҷлиси намояндагон дар вохӯриҳои худ нуктаҳои паёми раисиҷумҳур, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, шарҳ медиҳанд.
Котиботи парлумон таъкид намудааст, ки мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоягузориву рушди бемайлони соҳибкорӣ ва амалигардии ҳадафҳои стратегӣ дар мулоқоти вакилони мардумӣ бо интихобкунандагонашон баррасӣ хоҳанд шуд.