Тоҷикистон имрӯз аз Рӯзи китоб ҷашн мегирад

Дар Тоҷикистонсар аз  соли 2010 то имрӯз ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи китоб баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад.

Намоиш ва фурӯши китобҳои нав дар Хуҷанд ҳар шанбе бо амри Аҳмадзода

Ҳанӯз 12 сол қабл раисҷумҳури  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки "бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад.

Оғози “Ҳафтаи китоб” таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” дар Тоҷикистон

Зимнан имрӯз дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" бахшида ба Рӯзи китоб Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" оғоз шуд.

Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 6-уми сентябр гузаронида мешавад.

Озмун аз се номинатсия – "Ношири муваффақ", "Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон" ва "Муаллифи сермаҳсули сол" иборат аст.

Ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ ва ташкили фестивали ҷумҳуриявӣ

Ба Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 50 муассиса – ноширони ватаниву хориҷӣ, китобхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, донишгоҳҳо ва ҷамъиятҳо даъват шудаанд.

Аз ҷумла, дар назар аст, ки дар намоишгоҳ ноширон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Туркия, Узбакистон, Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Беларус, Ҷумҳурии мардумии Чин, Фаронса ва дигар давлатҳо иштирок кунанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистонсар аз  соли 2010 то имрӯз ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи китоб баргузор мешавад.