Кордкашӣ нисбати соҳибкор дар назди бозори “Помир”

Кормандони милитсия ҷавони 23-соларо боздошт намуданд, ки дар назди бозори “Помир”-и шаҳри Бӯстон соҳибкорро бо корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҷавони 23-сола сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар кордзании соҳибкор дар назди бозори “Помир”-и шаҳри Бӯстон айбдор мешавад, боздошт шудааст.

Кормандони ширкати “Насим-2017” корхонаи худро ғорат карданд

Тавре манбаъ хабар додааст, кормандони милитсия дар шаҳри Бӯстон марди 23-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд. 

Муноқишаи ду марди исфарагӣ дар ошхона бо кордкашӣ анҷом ёфт

“Номбурда, рӯзи 3-юми сентябри соли равон, тахминан соати 01:00, дар назди бозори “Помир”-и шаҳри Бӯстон бо соҳибкор, марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками ӯ задааст”, таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки нисбати номбурда мутобиқи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.