Барканории вазири маорифи Қирғизистон пас аз интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ

Қарори ба истеъфо рафтани вазири муорифи ин кишварро, раисҷумҳур Сооронбой Жээнбеков аллакай ба имзо расонидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Гулмира Кудайбердиев аз курсии вазири маорифи Қирғизистон барканор рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Талаби истеъфои Ҳукумат дар парлумон ва видеои Раззоқов: долонро ба Тоҷикистон намедиҳем

Бар хабари манбаъ, қарори ба истеъфо рафтани вазири маорифро, раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков ба имзо расонидаст.

Чаро Искандаров фиристодаи Қирғизистон дар масоили марзӣ сабукдӯш шуд

Гуфта мешавад Кудайбердиева бо хоҳиши худ аз симмати ишғолкардааш барканор рафт.

Ҳадс зада мешавад, ки вазири маориф ба хотири он ки вақтҳои охир пайваста мавриди танқид қарор мегирифт, водор шуд то вазифаи худро ба таври ихтиёрона тарк кунад.

Қобили зикр аст, ки  фаъолияти Гулмира Кудайбердиев пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид қарор мегирифт ва корбарон аз шеваи кори ӯ, аз китобҳои дарсие, ки пур аз хато ҳастанд ва ҳамзамон сар задани чандин муноқишаҳо дар муассисаҳои таълимӣ,  шадидан интиқод мекарданд.

Бархе ноҳамоҳангиҳои протоколӣ: расонаҳои Эрон дар бораи далели истеъфои Зариф

Гулмира Кудайбердиева сар аз соли 2016 дар симмати вазири маорифи Қирғизистон адои вазифа мекард.