Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро қашоқтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо номид

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон миёни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо аз лиҳози рушд ва даромаднокии аҳолӣ кишвари фақиртарин ба ҳисоб меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тоҷикистон новобаста аз афзоиш ва дастовардҳои ба даст оварда дар ду даҳсолаи охир, ҳамоно кишвари камбизоаттарини минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, мегӯянд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 100 миллион доллар медиҳад

Дар гузориши "Пешбурди иқтидори рушди Тоҷикистон" омадааст, ки аз соли 2000 инҷониб, афзоиши ММД ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мӯътадил буданд, аммо бо мурури замон  дигаргунӣ дар нишондиҳандаҳо торафт  коҳиш ёфт.

"Дар се соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҷиҳати воқеӣ беш аз 20% рушд кардааст, аммо сатҳи камбизоатӣ камтар аз 2% кам шудааст", - омадааст дар гузориши бонки мазкур.

Вазорати молия ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистонро гуфт

Бонки ҷаҳонӣ гуфт, кӣ ба рушди интернет дар Тоҷикистон монеъа эҷод мекунад

Гузоришгарон ба он таваҷҷӯҳ намуданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойҳои нави корӣ кам андар кам таъсис ёфта, ҳамчунин тақсимоти захираҳо дар иқтисодиёт низ аз сар гузаронида нашудааст.

Таҳлилгарон таъкид намуданд, ки захираҳо дар бахшҳои ғайри тиҷорати ватанӣ бо ҳосилнокии паст мутамарказ боқӣ мондаанд.

Гузашта аз ин коршиносони бонки Ҷаҳонӣ  қайд намудаанд, ки солҳои охир ҷараёни сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас суст шудааст.

Зимнан  гуфта мешавад, ки то соли 2030 Ҳукумати Тоҷикистон тасмими гирифтаст то даромади аҳолиро 2-3,5 баробар зиёд намояд.