Муҳорибаи мазкур дар Чин баргузор шуд. Қаҳрамон аз Бразилия Ҷесика Андраде барои муҳориба бо варзишкори маҳалӣ Чжан Вэйли вориди майдон шуд.
Дар навори Youtube метавон мушоҳида кард, ки қаҳрамони феълӣ аз Бразилия аз дасти рақиби чиниаш зарбаҳои қавӣ хурда дар муддарти 42 сония баъд аз оғози муҳориба ба замин меуфтад.
Муин Ғафуров варзишгари тоҷик узви созмони UFC гардид
Варзишкори бразилиягӣ бори аввал бояд қаҳрамониаш дифоъ мекард, вале афсус натавонист. Дар ҳамин ҳол, варзишкори чинӣ барои муҳориба бо рақибаш ҷидди омодагӣ гирифта буд. Вай дар 19 муҳорибааш ҳеҷ боре мағлуб нашуда буд.
Муҳориба низ зуд ба анҷом расид, варзишкори чинӣ бо силсилаи зарбаҳои нишондаст рақибашро мағлуб кард.
Муҳорибаи мазкур баъд аз 42 сония ба наҷом расид. Аз пирӯзии варзишкор аз Чин ҳеҷ касе интизор надошт. Аммо ӯ тамоми мухлисонашро қоил кард.
Бояд цайд намуд, ки Чжан Вэйли аввалин варзишкори чиние, мебошад, ки сазовори миёнбанди қаҳрамонии UFC шудааст.