Ронандаи ҷавон дар зер кардани кӯдак ва фирор айбдор мешавад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Айнӣ – Панҷакент хабар дод, ки дар пайи он ронанда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 31-уми август, тахминан соати 11:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғро зер кардааст.

Садамаи маргбор: Эмомалӣ Раҳмонов дар ноҳияи Восеъ дучархаронро пахш кард

Манбаъ аз пиёдагарди хурдсол Зафаров Ардашер Парвинович, соли таваллудаш 2010, сокини деҳаи Дар-Дар, хонандаи синфи 4-ум ном бурдааст, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид намуд, ронандаи мошине, ки хурдсолро зер намудааст, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Ин ниҳод афзуд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Фурланд”, Исрофилов Зарифҷон Мухторович, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Дар-Дар ҳамчун гумонбар дастгир шуд.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.