Президент гуфт, "охурча" - и мансабдоронро мебандад

Ҳамчунин раисиҷумҳур гуфт, мардум кор намекунанду аз ҳисоби давлат ба сар мебаранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфт, ки аксари қазоқистониҳо намехоҳанд кор кунанд.

Чуноне Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, президенти ин кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев, ба парлумон паём ирсол кардааст.

"Дар давоми панҷ сол шумораи гирандагони кӯмаки иҷтимоӣ аз 77 ҳазор ба 1,4 миллион расид. Ҳаҷми хароҷоти молиявии давлат барои додани кӯмаки иҷтимоӣ ба мардум, аз соли 2017 то имрӯз 17 маротиба афзудааст. Ба таври дигар гӯем, аксари мардум намехоҳанд кор кунанд ё даромадашонро махфӣ медоранд", - гуфт президенти Қазоқистон.

Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки "охурча" - и мансабдорон баста шавад.

Ба гуфти раисиҷумҳур соли гузашта ҳаҷми хариди давлатӣ, 4,4 триллион тангаро дар бар гирифт. Аз ин миқдор ба маблағи 3,3 триллион, он аз як ҷо харидорӣ шудааст.