ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Муҳаммади V 22 ноябри соли 2018 бо мудели русиягӣ Оксана Воеводина хонадор шуд. Ҳаёти якҷояи ин ду шахси машҳур камтар аз ду сол идома кард.
Ғолиби озмуни зебогии "Мисс Москва — 2015" Оксана Воеводина нахустин бор ҷудошавӣ аз ҳамсараш - шоҳи пешини Малайзия, Муҳаммади V - ро шарҳ дод.
Шарҳи зебосанам дар саҳифааш дар Instagram нашр шудааст.
Оксана гуфтааст, мехоҳад рози дилашро бигӯяд то каме сабуктар шавад. Вале воқеъияти ҳолро ифшо накардааст.
"Ман медонам ҳамагон мехоҳанд бидонанд, ки миёни мо чӣ гузашт. Вале ман пештар омода будам нақл кунам. Мумкин агар ман росташро гӯям худро сабуктар эҳсос мекунам... Вале ман намехоҳам касеро ба дард мувоҷеҳ кунам", - навиштааст Володина.
Муҳаммади V 22 ноябри соли 2018 бо мудели русиягӣ Оксана Воеводина хонадор шуда буд.