ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони бинои Донишкадаи идоракунии давлатӣ соли 2013 оғоз гардида, аз 12-ошёна аз 2 қисм маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Манбаъ афзуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ дар кишвар мебошад, ки муассиси он Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
“Дар Донишкада факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи ихтисосҳои “идоракунии давлатӣ”, “идоракунии давлатии иқтисодиёт”, “идоракунии ҳайати кадрӣ”, “муносибатҳои байналмилалӣ” ва “амнияти иттилоотӣ” дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои мақомоти давлатӣ кадр тайёр мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар айни замон 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва дар маҷмуъ 2 567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. То имрӯз магистратураро зиёда аз 620 нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки аз ҷониби устодони Донишкада танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 16 китобу монография ва дастури таълимӣ, аз ҷумла аз ҷониби донишмандон ва мутахассисони соҳа китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар ду ҷилд, инчунин зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ нашр гардид.