Паёми шодбошии Раҳмон ва суҳбати Мирзиёев аз демократикунонии Узбакистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои узбакистонияш Шавкат Мирзиёевро бо ҷашни Истиқолияти давлатӣ шодбош гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, унвонии Мирзиёев дар баробари сарони кишварҳои дигари ҷаҳон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ паём фиристода, 28-умин солгарди Истиқлолиятро шодбош гуфтааст.

Мақоми намоёни ансамбли "Бадахшон" дар ҷашнвораи бонуфуз

Бар асоси иттилои котибот, Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи ҷашнӣ зикр кард, ки 28 сол қабл раисиҷумҳури нахустини Узбакистон, Ислом Каримов барои мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Истиқлолияти давлатиро эълон кард. Ӯ дар идома аз мардуми Узбакистон ситоиш намудааст, ки санҷишҳои мушкили зиёдро паси сар карда, ба роҳи рушди мустақилона вафодор мондааст.

Ба гуфтаи Мирзиёев, феълан Узбакистон ба марҳилаи нави рушд қадам ниҳодааст, ки он аз муосир кардани давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва волоияти қонун иборат буда, дар ин замина чеҳраи нав – демократии Узбакистон сохта мешавад.

Ӯ таъкид намудааст, ки дар ин роҳ ғояи стратегӣ "аз эҳёи миллӣ – ба пешрафти миллӣ” мебошад. Мирзиёев тавзеҳ додааст, ки пешрафти миллӣ ин даст ёфтан ба сатҳи баланди рушд ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Мирзиёев таъкид намудааст, ки таъмини шароити зиндагии шоиста ва сазовори боварии мардум шудан танҳо бо сухану шиорҳои баланд ғайриимкон аст ва барои ин бояд фидокорона меҳнат кард.