ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Мошини сабукрави боркашонии кушода бо 31 нафар мусофир пас аз чаппа шудани пул ба сарашон ба дарё сарозер шуд, хабар медиҳад нашрияи Dawn.
Ба иттилои манбаъ, аснои ба дарё сарозер шудани нақлиёт панҷ тан аз мусофирон худро ба берун ҳаво дода, зиндаву саломат монданд, вале боқимонда мусофирон ҷони худро аз даст доданд.
Дар шоҳроҳи "Душанбе-Тошканд" автобус бо 20 мусофир чаппа шуд
Манбаъ меафзояд, мусофирони мошини боркашонии кушода (пикап) аз як маросими арӯсӣ баргаштанд ва ҳамаи онҳо аъзои як хонавода мебошанд.
Зимнан гуфта мешавад, ки аз даруни об ҷасади 11 нафар аллакай берун бароварда шуда, ҷустуҷӯйи боқимандаи мусофирон давом дорад. Миёни ҳалокшудагон сафи кӯдакон низ кам нест.
Феълан ҷустуҷӯйи ҷасади ғарқшудагон аз як хонавода идома дошта, наҷотбахшон аз он бим доранд, ки дарёфти ҷасади боқимондаҳо ғайриимкон аст, чун маҷрои тези дарё ҷасадҳоро аллакай ба дарёи Ҳинд партофтаст.
Фоҷиа: ҳалокати 68 нафар дар як маросими туй
Бар тибқи фарзияи тафтишот омили асосии сар задани ҳодисаи нохуш вазни барзиёди мошини мусофирбар унвон мешавад, ки пул қуввати бардоштани чунин вазнро накардаст.