ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Мубориз ва муштзани рус, қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи ба охир расондани корномаи варзишиаш фикр намекунад.
“Сағера, бги дега”: суҳбати Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо забони тоҷикӣ - видео
Варзишгари 30-солаи рус боварӣ дорад, ки вай ҳанӯз ҷавон аст ва якчанд муҳорибаи дигар баргузор хоҳад кард.
"Ман ҳоло рафтанӣ нестам. Бале, ман он муштзани ҷавон нестам ва мехоҳам як ду муҳорибаи дигарро паси сар кунам чунки ният надорам, ки то 40 солагӣ дар рӯи октагон бимонам. Пеш аз он ки ман дар бораи ба охир расидани касбам фикр кунам, ман бо даста ва падарам маслиҳат мепурсам. Ман якбора чунин тасмим намегирам", - гуфтааст Нурмуҳаммадов.
Маврид ба зикр аст, ки рақобати навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов, рӯзи 7 сентябр дар мусобиқаи UFC 242 дар Абу-Даби муқобили Дастин Пуаре баргузор мешавад. Охирин муборизаи Ҳабиб 6 октябри соли 2018 гузаронд, ки онҷо Конор Макгрегорро мағлуб кард.
Набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо падараш-видео
Дар ҳисоби Нурмуҳаммадов 27 задухӯрд, 27 ғалаба мебошад.