ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Имрӯз дар идомаи рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон ҷудокори тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кило ба рӯи татами баромад.
Бар хабари сомонаи "Варзиш" Саидҷалол Саидов дар даври аввал бо намояндаи Покистон Шоҳ Ҳусейн Шоҳ рақобат кард.
Аммо варзишгари тоҷикро дар дақиқаи дуюми дидор ҳарифаш бо баҳои иппон мағлуб намуд.
Ҷудокорони тоҷик дар Ҷопон тамрин карданду дар чемпионат иштирок мекунанд
Ҳамин тавр Ҷудокори тоҷик Саидҷало Саидов иштироки худро дар қаҳрамонии ҷаҳон ҷамъбаст кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи охирин рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни беш аз 100 кг Тоҷикистонро ду паҳлавон Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов намояндагӣ мекунанд.
Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар чемпионати ҷаҳон муайян шуданд
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи панҷуми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо варзишгари номии тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ мағлуб гашт ва аз идомаи рақобат дар мусобиқаи мазкур маҳрум шуд.