Ҳавопаймоҳи ширкати "Уралский авиалиния", ки самти Санкт- Петербург - Хуҷанд парвоз мекард? дар Екатеринбург нишасти изтирорӣ анҷом дод, хабар медиҳад РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, ҳавопаймо пас аз бархӯрд бо селаи паррандаҳо маҷбур гардид дар фурудгоҳи Колсова фурӯд ояд.
"Омили ба таври фавқулода фурӯд омадани ҳавопаймо ба бархӯрди тайёра бо селаи паррандагон рабт дода мешавад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Маълум гардидаст, ки ҳавопаймо бо 193 сарнишин ва чаҳор халабон аз шаҳри Санкт- Петербург самти Хуҷанди Тоҷикистон парвоз дошт.
Нишасти изтирории ҳавопаймо дар киштзор баъди парвоз аз фурудгоҳи Жуковский
Хабар дода мешавад, ки аснои фуруди изтирорӣ ҳеҷ нафар аз сарнишинон ва халабонҳо осеб надиданд.
Зимнан гуфта мешавад, ки пас азназаргузаронии ҳавопаймо коршиносон ягон зарари ҷиддиро дарёфт накарданд ва ҳавопаймо ба парвози худ идома дод.