Гумонбар ба куштори Ҳувайдои 5 - сола ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд

Александр Сёмин гумонбари асосӣ дар куштори кӯдаки 5 - солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода боз ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд. Ҷониби ҳимояаш омили ба додгоҳ наомадани ӯро ба гӯё бад будани вазъи рӯҳияш рабт додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Дар додгоҳи вилоятии Маскав мурофиаи навбатӣ оди ба баррасии парвандаи куштори духтарчаи 5 - солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода баргузор шуд.

Вакили мудофеи хонаводаи Саидовҳо, Дагир Хасавов дар сафҳаи Фейсбукии худ навиштаст, ки мурофиа бе ҳузури айбдоршаванда -  Александр Сёмин тӯли 3 соат давом кард.

"Ҳузури айбдоркунандаро дар суд таъмин накарданд ва агар ба гуфтаи сардухтури бемористони касалиҳои рӯҳии Смоленск бовар кунем, Сёмин ҳоло ҳам қисман бемор аст (рӯҳан пурра солим нест). Саволе ба миён меояд, ки чаро ӯ ногоҳ рӯҳан бемор шуд, вақте ки аз рӯи қонун ба амалҳои худ ҷавоб гуфтан лозим аст", - изҳор доштаст Хасавов дар сафҳаи Фейсбукиаш.

Қазияи Ҳувайдо: дастур аз Тоҷикистон ба дипломатҳо ва таҳдид ба Саидов баъди пешниҳоди пул
Зимнан вакили мудофе илова намуд, ки додрас дархости ҷониби айбдоршавандаро дар мавриди роҳ надодани падари Ҳувайдои марҳум ба мурофиаи додгоҳиро қонеъ накард, ва Саидов минбаъд низ ҳамчун падари билогӣ ҳақ дорад дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат кунад.

Ёдовар мешавем, ки Сёмин гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдои 5 - сола дар яке аз бемористонҳо касалии рӯҳӣ дар Смоленский қарор дорад.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд.