Роҳбарони гумруки кишварҳои ИДМ дар Маскав тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Дар ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои ИДМ масоили тақвияти ҳамкории хадамоти гумруки кишварҳои ҳамсуд матраҳ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони  Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои ИДМ, ки зарфи ду рӯз- 28-29 август дар шаҳри Маскав баргузор шуд, масоили тақвияти ҳамкории хадамоти гумруки  кишварҳои ИДМ матраҳ гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Гумрук: моли Тоҷикистон бештар ба Швейтсария содир мешавад

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Озарбойҷон ширкат варзида, дар радифи як зумра масъалаҳои ташкилӣ лоиҳаҳои талаботи стандартҳои амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумрук, технологияи муосири ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва интиқоли роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ, ки барои осон кардани содагардонии расмиёти ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва мақомоти роҳи оҳан дар ҳудуди кишварҳои ҳамсуд нигаронида шудааст ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти гумрукиро матраҳ намуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод, фаъолияти асосии Шӯро ба тахассус ва мутобиқати қонунгузории гумрук, ташаккули механизмҳои самарабахши тарифӣ ва танзими ғайритарифӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба муттаҳидсозии қоидаҳо ва тартиботи гумрукӣ, шаклҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои таъмини назорати гумрукӣ, ташкили табодули омори гумрукии савдои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои стратегӣ барои таъмини мақомоти гумруки ИДМ бо воситаҳои техникӣ нигаронида шудааст.

Инчунин, дар ҷаласа сана ва макони баргузории ҷаласаи 71-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ҳамсуд баррасӣ гардид.