ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Давлатзода бо Ҷек Ма дар ҳошияи намоишгоҳи “Smart China Expo-2019” дар шаҳри Чунтсин сурат гирифт.
“Дар Чунтсин сафири кишвари мо бо соҳибкори маъруфи чинӣ, бунёдгузор ва раиси Шӯрои мудирони ширкати Alibaba Group Ҷек Ма мулоқот карда, аз ӯ даъват намуд, ки ҷиҳати шиносоӣ бо имконоти сармоягузории кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф орад”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ҷек Маи 54-сола бар асоси арзёбиҳои маҷаллаи “Форбс” дар соли 2018 бо дороии беш аз 35 миллиард доллари амрикоӣ бойтарин дар Чин буда, дар феҳрасти доротарин афроди ҷаҳон мақоми 21-умро гирифтааст.
Бар асоси иттилои ВУХ Тоҷикистон, намоишгоҳи "Smart China Expo-2019" рӯзҳои 26-29 август дар шаҳри Чунтсини Чин баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он соддагардонии табодули байналмилалӣ дар мавриди фанновариҳои ҳушманд ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин замина мебошад.
Сафири Тоҷикистон дар ҳошияи он намоишгоҳ инчунин бо муовини раиси шаҳри Чунтсин Пан Йичин вохӯрии дуҷониба анҷом дод, ки дар рафти он мавзӯи таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо шаҳри Чунтсин муҳокима гардид, афзуд ВУХ.