ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 27 - уми августи соли равон тахминан соати 23:30 дақиқа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додаст.
Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия сокини 44 - солаи кӯчаи Пуличуқури ҳамин ноҳияро дастгир намуданд, ки дар қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии амакаш гумонбар дониста мешавад.
Ҷанҷолу кордкашии ҷавонони 21-сола: яке маҳбасию дигаре дар беморхона бистарист
"Номбурда дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматияш бо амаки 58 - солаи худ муноқиша намуда бо корд як маротиба ба шикамаш задаст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта. дар беморхона бистарӣ гардидаст.
Натиҷаи мастӣ кунҷи зиндон: марди маст ҷавони роҳгузарро ду корд зад
ВУД тавзеҳ медиҳад, ки феълан далели шайъӣ гирифта шуда ,нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.