Дар пойтахт Иди тарбузу харбуза баргузор мегардад

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар пойтахти кишвар Иди харбузаву тарбуз баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Рӯзи 8 сентябри соли равон бахшида ба 28-умин  солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иди харбуза ва тарбуз доир мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар истинод ба Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Душанбе аз Иди каду таҷлил кард

Манбаъ қайд намудаааст, ки иди мазкур бо ташаббуси вазорат ва дар ҳамкорӣ  бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои “Меҳргон” баргузор карда мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, иди мазкур аз оғози моҳи август дар тамоми ноҳияҳои мамлакат баргузор гардида, тарбузу харбузапарварон беҳтарин маҳсулоти худро дар шаҳри Душанбе ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, Иди харбуза ва тарбуз бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат доир мегардад.

Инчунин дар иди мазкур озмун ва мусобиқаҳо гузаронида шуда, ғолибон аз рӯи чор номгӯй муайян гардида, ба онҳо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.