Дар Тошканд бар асари фурӯ рехтани бинои маркази савдои навсохт 4 нафар ҷон бохтанд

Ҳадс зада мешавад, ки садама дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмир рух додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Тошканд имрӯз бинои маркази савдои навсохти  Rivera фурӯ рехтаст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон.

Бар хабари манбаъ, бар асари фурӯ рехтани маркази савдо ҷаҳор нафар ба ҳалокат расида, ҳамзамон ду нафари дигар сахт ҷароҳат бардоштанд.

Дар Тошканд бар асари фурӯ рехтани бинои маркази савдои навсохт 4 нафар ҷон бохтанд

Гуфта мешавад, феълан омили асосии фурӯ рехтани маркази мазкур номаълум аст. Ҳадс зада мешавад, ки омили сар задани ҳодисаи мазкур риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири бино, ба ҳисоб меравад.

Дар Новосибирск зери девори фурӯрехта 12 сохтмончӣ дармонданд

Қаблан хабар дода шуд, ки сохтмони  маркази савдои Rivera соли 2020 ба анҷом мерасад ва ин марказро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Зимнан имрӯз як ҳодисаи ба ин монанд дар Новосибирск рух дод, ки бар асари фурӯ рехтани девори бинои навсохт дасти кам 2 нафар ҳалок шуданд ва 12 тани дигар зери харобаҳо дармонданд.

Ба кормандони наҷот муяссар гардид, ки 2 нафар сохтмончиро аз зери харобаҳо берун оранд, вале сарнавишти 10 корманди дигар то ҳол норушан аст.