Ҷоми Президенти Тоҷикистон насиби варзишгарони тоҷику узбак гардид

Мусобиқи 10 - уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Тоҷикистону Узбакстон анҷом ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур 64 теннисбози наврас аз 10 давлат - Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Русия ва  Амрико  иштирок карданд.

Оғози сабқати наврасон барои Ҷоми Президент: ҷоиза аз 500 то 1000 доллар

Манбаъ меафзояд, миёни писарон теннисбози тоҷик Исамҷон Шарифов ғолиб шуда, Аминҷон Абдуллоев ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гашт. Ҷои дуюмро Данила Мароз аз Белорус ишғол намуд.

Ҷоми Президенти Тоҷикистон: теннисбозони хориҷӣ барои 10 ҳазор сомонӣ рақобат хоҳанд кард

Миёни духтарон бошад, Моҳинур Шарипова аз Узбекистон ғалаба кард. Ҷойҳои дуюму сеюмро теннисбозони тоҷик Наргиза Яҳёева ва Диана Иванихина ишғол карданд.
Гуфта мешавад, барои табрики ғолибону ҷоизадорон муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон Шоҳин Саидов омаданд.

Ғолибону ҷоизадорони 10-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистонро низ ба Узбакистон бурданд

Ба ғолибон 1000 доллари амрикоӣ, барандагони ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар тақдим гардид.