Чойхонаи муштараки Тоҷикистону Узбакистон "Дӯстӣ" дар маҷмааи "Кохи Наврӯз" ба фаъолият шурӯъ намудаст, хабар медиҳад агентии Авеста.
Бар хабари манбаъ, чойхонаи мазкурро соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон таъсис доданд.
Гуфта мешавад дар чойхонаи "Дӯстӣ" аслан хӯрокҳои миллии Узбакистон аз ҷониби 6 ошпази моҳири узбак омода гардида, пешкаши муштариён мешавад.
Зимнан хӯроки асосии ин чойхонаи муштарак, оши палав мебошад, ки бо дастурамали махсус тайёр мешавад.