Дар Тоҷикистон даромади ширкатҳои хусусӣ ва миллӣ кам шуд

Даромади ширкатҳои мобилӣ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 6,2 дарсад коҳиш ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Даромадаи ширкатҳои хусусӣ ва миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 6 дарсад коҳиш ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Пеши мардум ҷавоб гӯянд: даъвати раисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба парлумон

Бино бар иттилои манбаъ, даромади соҳаи мазкур 233,5 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 дарсад кам будааст.  

Ҷаримаи ширкатҳои мобилӣ барои фурӯхтани симкортҳо бе шиноснома

Ҳамин тавр, даромади ширкати “Тоҷиктелеком”, “Почтаи тоҷик” ва ниҳоди Хадамоти алоқа 96,4 миллион сомониро ташкил додааст.

Даромади ширкатҳои хусусӣ дар ин давра як миллиарду 137,1 миллион сомониро ташкил додааст.

Ёдарас мешавем, ки муовини аввали раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода гуфт, ки бино бар кам шудани даромади ширкатҳои мобилӣ ба буҷаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равонбеш аз 80миллион сомонӣ ворид нагардидааст.