Кумитаи дин қонуншиканиро миёни ҳоҷиён зиёд гуфту 6 далел овард

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон қонуншиканиро миёни ҳоҷиён зиёд арзёбӣ карда, 6 ҳолати ошкоршуда тайи рӯзҳои охирро мисол овардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин бо нашри як иттилоия дар саҳифаи фейсбукияш гуфт, новобаста аз корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои нақзи моддаи 12-уми Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" аз сӯи ҳоҷиён зиёд ба назар мерасад.

Ҳоҷиёни тоҷикро чӣ гуна бояд пешвоз гирифт?

“Танҳо аз сӯи кормандони раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита дар чанд рӯи охир 6 ҳолати нақзи муқаррароти моддаи болозикри Қонун ба қайд гирифта шудааст”, - изҳор дошт Афшини Муқим.

Бозгашти ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Ватан 20-уми август оғоз ёфта буд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки ҳоҷиёни кишвар пас аз бозгашт аз маносики Ҳаҷ ҳаққи баргузории маросиму маъракаҳои пурдабдабаро надоранд.

Аз ҷумла таъкид шуда буд, ҳоҷиёни тоҷик набояд барои ғайр аз аъзои хонаводаи худ зиёфати бозгашт аз Ҳаҷ баргузор кунанд. Инчунин баргузории бархе маросим, ба монанди "Ҳоҷӣ талабон" ва "Ҳоҷи ошӣ" мамнуъ эълом шудааст. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар корвони истиқбол аз ҳоҷиён набояд беш аз ду худрав истифода шавад.

Раиси Хатлон: садақа ба касоне, ки қудрати кор кардан доранд, ҳалол нест

Ахиран Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ аз коҳиш ёфтани талабгорони Ҳаҷ хабар дода буд.

Ба гуфтаи вай, солҳои қаблӣ талабгорони сафари Ҳаҷ барои 5-6 сол навбат мепоиданд, аммо ду соли охир ҳатто саҳмияҳои пешниҳодшуда пур намешаванд.

"Дар соли гузашта зиёда аз 6000 квота ҷудо шуда буд, аммо мо 5000 нафар фиристодем, имсол бошад зиёда аз 7000 ҷой ҳаст, аммо бештар аз 5000 раводид гирифтанд", - таъкид намуд Давлатзода.