ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Додгоҳи Киев субҳи имрӯз Вишинскийро бар ивази кафолати шахсӣ, ки бо нахустин даъват ба мурофиа ҳозир хоҳад шуд, аз ҳабси пешакӣ озод кардааст, хабар дод RT.
Ҷониби додситонӣ изҳор доштааст, ки дар сурати кафолати шахсӣ мухолиф нестанд, ки чораи пешакӣ нисбати Вишинский сабук шавад. Худи рӯзноманигор изҳор доштааст, ки ҳеч далели пинҳон шудан аз мақомоти тафтишотиро надорад ва ҳозир аст, ки бо талаби нахустин ба мурофиа ҳозир шавад.
Вишинский таъкид намудаст, ки иттиҳом алайҳи ӯ аз аввал бепоя буд ва омӯзишу исботи беасос будани ин айбҳо дар мурофиаи додгоҳ ба манфиати худи ӯст.
Кирилл Вишинский 15-уми майи соли 2018 дастгир шуд. Хадамоти амнияти Украина эълом кард, ки ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор мекунад.
Қаблан додгоҳи шаҳри Киев, ҳабси Кирилл Вишинскийро то 19 сентбяри соли 2019 тамдид карду то 16 сентябр дар муҳокимаи парвандаи ӯ таътил эълон намуда буд.