Миннатдории Файзов аз гардишгарони хориҷӣ барои кӯмак ба мардуми Бартанг

Пас аз оншоӣ бо мардуми Бартанг сайёҳон мақсад гузоштаанд, сатҳи зиндагиашонро баланд бардоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов як гурӯҳ сармоягузорни хориҷӣ аз давлатҳои Швейтсария ва Олмонро ба ҳузур пазируфтааст. 

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, сармоягузорон дар солҳои 2016 ҳамчун сайёҳ бо роҳбарии Петер Бондес ба Тоҷикистон омада, бо шароити зиндагии дурдасттарин ҷамоати ноҳияи Рӯшон деҳаи Басид шиносоӣ пайдо намудаанд.

Бо супориши Раҳмон: ба истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро хати барқ кашида мешавад

"Имсол аз ҷониби ин шахсони саховатманд сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии 200 квт, касалхонаи деҳот барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом сохта мавриди истифодабари қарор дода шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин аз ҳисоби ин сайёҳон ҳар сол табибон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешавад ва ба мардум ҷамоати Бартанг хизмати тиббӣ мерасонад.

Бо супориши Раҳмон: ба истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро хати барқ кашида мешавад

Дар оянда ният доранд, ки мардуми деҳаи Басиди ҷамоати Бартангро бо оби ошомиданӣ таъмин намоянд.

Раиси вилоят миннатдории самимиро аз номи мақомоти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои саҳм гузоштан дар ободонии вилоят баён намуда ,қайд кардааст, ки маҳз сиёсати дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон оиди сиёсати дарҳои кушод ва эълон намудани солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ буд, ки имрӯз теъдоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар вилоят зиёд шуда истодааст.