Филми коргардони тоҷик ба Кинофестивали байналмилалии Шветсия роҳ ёфт

Филми кутоҳи "Дуғоб" аз коргардон Зайнулобиддин Мусо дар Киноҷашнвораи байналмиллалии "Само"-и кишвари Шветсия иштирок менамояд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik.  Ба иттилои сомонаи Муассисаи давлатии Тоҷикфилм, боз як филми дигари коргардони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешавад.

"Роҳ" - и занони зиндонӣ, бо оҳанги Далер Назаров: дар Тоҷикистон филми нав ба навор гирифтанд

Бар хабари манбаъ, мӯҳтавои филм дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки бо ҳунармандӣ дар як деҳаи дурдаст зиндагии худ ва писари хурдсолашро таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯй мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ биёваранд. Аммо бинанда ба росткорӣ ва ишқи пок доштани он, инчунин, бо мубориза бурданаш шоҳид мегардад.

Киноҷашнвораи ҷаҳонии "Само"  соли 2009 аз ҷониби муҳоҷирони афғон дар кишвари Шветсия таъсис ёфтааст, ки ҳар сол аз 13-ум то 15-уми сентябр дар шаҳри Стокҳолм баргузор мегардад.

Имсол филми "Дуғоб" дар саҳифаи қабули филмҳо дар радаи 5-ум  қарор дорад.

Филм дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон соҳиби шоҳҷоиза шуд

Ҳаҷми филми "Дуғоб" 35 даққиқа буда, ин нахустин бор аст, ки дар ҷашнвораи берун аз кишвар иштирок менамояд.

Зимнан гуфта мешавад, ки филми мазкур миёнаи солҳои 2018 ва 2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм"  истеҳсол шудааст.