Дастури Мирзиёев барои пурзӯр кардани назорат дар марзи Узбакистон

Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба раҳбарияти мақомоти дахлдор дастур дода, ки низоми амният дар марзи кишварашонро самаранок ба роҳ монанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Президенти Узбакистон барои таҳкими марзи кишвар нишаст баргузор кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Узбакистон.

Гуфта мешавад, ки дар нишаст намояндагони Дастгоҳи президент, Хадамоти амнияти назди президент, Хадамоти амнияти давлатӣ, ва ҳамчунин намояндагони Хадамоти марзбонии кишвар ширкат кардаанд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ин нишаст масъалаҳои афзалиятнок барои такмили низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ дар заминаи таҳдидҳои муосир ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ муайян карда шуданд. 

"Ҳифзи боэътимод ва кафолатноки марзи давлатӣ ва дахлнопазирии марзӣ - кафолати сулҳу осоиштагӣ ва рушди кишвари мо аст", - қайд кардааст Мирзиёев.

Ширкаткунандагони ҷаласа пурзӯр кардани назорат аз боло иҷрои созишномаҳои марзӣ бо шарикони хориҷиро дар масоили марзӣ зарур шумурдаанд.