"Ман хато кардам": узрхоҳии Макгрегор барои муштзании мӯйсафед

Пас аз ин ҳодиса, бархе аз корбарони интернет Макгрегорро барои амали бадаш сарзаниш карданд ва кормандони барҳо вискии истеҳсоли ӯро ба партов рехтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Размикори машҳури ирландии UFC Конор Макгрегор, ки дари яке аз тарабхонаҳои Дублин марди солхӯрдаро мушт зад, гуноҳашро ба гардан гирифта иқрор шуд, ки ин амалаш ношоиста аст.

Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи варзишии ESPN гуфтааст.

Дар бораи ҳодисае, ки 6 апрел рух дод танҳо пас аз гузашти чанд моҳ хабар дода шуд. Макгрегор ба тарабхона даромада ҳамаи меҳмононро бо вискии истеҳсоли худӣ меҳмондорӣ кард. Вале яке марди солхӯрда аз нӯшидани шароб худдорӣ кард ва Макгрегор ӯро мушт зад.

Ин ҳодиса ба навор афтод.

Макгрегор барои нанӯшидани шароб, меҳмонро мушт зад - видео

"Маъно надорад он чӣ ки он ҷо гузашт. Ман гунаҳкор будам. Ин одам мехост рӯзашро дар паб хуш гузаронад, вале на чуноне шуд. Воқеъа панҷ моҳ пеш рух дод ва ман кӯшиш кардам худро ислоҳ кунам. Ман хато кардам. Ман бояд пештар ҷавобгариро  ба гардан мегирифтам. Ба хотири он нафароне, ки маро тамрин доданд ва хотири хонаводаам. Ин ман нестам. На барои ин, ман ба ММА афтодам. Ман барои он ба варзиш омадам, то мардумро аз чунин ҳодиса наҷот диҳам. Ҳоло ман барои он ин ҷоям, то гуноҳамро ба гардан бигирам ва ба пеш ҳаракат кунам. Ман пинҳон намешавам. Ин рафтори комилан ғайри қобили қабул барои ашхосе дар мавқеи ман мебошад", - изҳор дошт Макгрегор.

Нурмуҳаммадов гуфт Макгрегор бояд пушти панҷара равад

Қайд мешавад, ки пулиси Дублин нисбати Макгрегор парванда боз кардааст ва дар сурати иқрор шудан ба гуноҳаш ӯро ҷарима интизор аст.