Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ба шикам хобидан раво нест

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба шикам хоб карданро ноҷоиз гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Манучеҳр, як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё ба шикам хобидан дар Ислом ҷоиз аст.

Дар Узбакистон синни издивоҷро барои духтарон як соли дигар боло бардоштанд

Шӯрои уламо дар посух хоб кардан ба шикамро хилофи суннати расул арзёбӣ кардааст.

"Бародари азиз, ба шикам хобидан хилофи суннати Пайғомбар (с) аст. Ин навъ хобро аз навъи хоби шайтонӣ зикр кардаанд", - омадааст дар посухи Шӯрои уламо.

Ин ниҳод инчунин ба Усмон, корбари дигар, ки аз волидони арӯсшавандааш гила кардааст, ҷавоб додааст.

"Ман муддати се сол бо духтаре дар фотиҳа будем. Байни мо ягон нофаҳмие вуҷуд надошт. Падару модарашро эҳтиром мекардам. Аммо онҳо вақти наздик шудани тӯй найранге бофта, ӯро аз ман ҷудо карданд. Гӯиё аз ман беҳтару болотарашро ёфтаанд. Ин корашон бисёр аламовар буд, онҳо дили маро ранҷонданд. Оё онҳо муртакиби гуноҳ шудаанд?", - суол гузоштааст Усмон.

Шӯрои уламо ҷавоб додааст, ки дар ин қазия ризояти духтар барои издивоҷ ҳатмӣ аст.

"Волидони духтар дар ин қазия гунаҳгор нестанд, зеро онҳо хушбахтии фарзандашонро мехоҳанд. Худованд ба ҳақиқати ҳол доност. Барои додани посухи мушаххас огоҳии пурра аз тафсилоти ин қазия зарур аст", - таъкид намудааст Шӯро.