Наврасони тоҷик тими Қазоқистонро шикаст доданду ба финал баромаданд

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-16” дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвари мизбонро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ баромад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии наврасони тоҷику қазоқ бо ҳисоби 2-1 бо пирӯзии тими Тоҷикистон анҷомид. Зимни сабқат нахуст Алишер Раҳимжанов, ҳамлагари дастаи Қазоқистон бо зарбаи 11-метрӣ дар дақиқаи 27-ум ҳисобро кушод.

Наврасони тоҷик тими Арманистонро шикаст дода, бо ҳамтоёни қазоқ сабқат мекунанд

Аммо тайи як соати бозӣ тими Тоҷикистон – Раҳматшо Раҳмадзода бо як зарбаи нишонрас ҳисобро баробар карда, Муҳаммадворис Сайдалиев дар дақиқаи 83-юм голи дуюмро вориди дарвозаи рақиб кард.

Шогирдони сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввалашон бар тими наврасони Арманистон -  “U-17” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда буданд.  Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонда буданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа барои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ғолиби гурӯҳи “А” Қазоқистон - “U-17” ва  Литва – “U-16” бозӣ мекунад.