Наврасони тоҷик тими Арманистонро шикаст дода, бо ҳамтоёни қазоқ сабқат мекунанд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз пирӯзии тими миллии наврасони кишвар бар дастаи ҳамсолонашон аз Арманистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллӣ, дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-16” мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистонро дар шаҳри Нурсултон бо ғалаба оғоз кард.

Ҳамлагару дарвозабон: аксҳо аз голзанию голгардонии набераи Эмомалӣ Раҳмон дар пеши бобо

“Шогирдони сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввалашон бар тими наврасони Арманистон -  “U-17” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита тавзеҳ додааст, ки голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонданд. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ беҳтарин бозингари ин дидор дониста шуда, бо мукофоти махсус қадрдонӣ шуд.

Манбаъ афзуд, ки имрӯз – 26 август, дар даври ҷамъбастӣ футболбозони навраси Тоҷикистон бо тими наврасони Қазоқистон – “U-16”, ки дар даври аввал бо Арманистон мусовӣ - 2:2, бозӣ карда буд, вомехӯранд. Тими Тоҷикистон дар сурати мусовӣ ё ғалаба ба финали мусобиқа роҳ меёбад ва бо ғолиби гурӯҳи “А” Қазоқистон -  “U-17” ё Литва – “U-16” бозӣ мекунад.