ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар ташкилоти қарзии кишвар аз 0.1466 то 0.1485 сомониро ташкил медиҳад. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод аз 0.1472 то 0.1490 сомонӣ буд.
Манбаъ нархи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии кишвар, чун ҳафтаи гузашта аз 9.6849 то 9.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Арзиши фурӯши 1 евро имрӯз дар муассисаҳои молиявии кишвар аз 10. 7000 то 10.7202 сомонӣ нишон дода шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон расман арзиши 1 доллари ИМА-ро 9.6849 сомонӣ, 1 евро - 10. 7202 сомонӣ ва 1 рубли русиро - 0.1466 сомонӣ муқаррар намудааст.
БМТ ҳушдор додааст, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз муҷозоти даҳҳо нафар барои мубодилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ хабар дода буданд.