Трамп Путинро ба ҳамоиши G7 ба Вашингтон даъват мекунад

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп тасдиқ намуд, ки роҳбарони ҳафтгонаи бузург масоили вуруди дигарбораи Русия ба G7-ро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, шояд раисҷумҳури Русия Владим Путинро ба ҳамоиши ҳафтгонаи бузург, ки соли 2020 дар Вашингтон мегузарад даъват кунанд, хабар медиҳад  RT.

Русия ба G7 бармегардад? Трамп ва Макрон тасмим гирфитанд Путинро ба G7 даъват намоянд

Қаблан сомонаи чинии Kyodo хабар дода буд, ки роҳбарони  G7 дар ҳамоиши Биаритсе масъалаи баргаштан ба Ҳаштгонаи бузург бо шомил шудани Русияро муҳокима намуданд.

Манбаъ менависад, ки Трамп дар асл ҳам тасдиқ намудаст, ки бозпас гаштани Русия ба узвияти ин гурӯҳро баррасӣ намуданд, вале ҳамзамон илова кардаст, ки намедонад Маскав бармегардад ва ё на.

Маврид ба зикр аст, ки пешниҳоди дигарбора шомил шудани Русия ба узвияти ин гурӯҳ аз забони раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон садо дод.

Кишвардори Фаронса Макрон ба раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пешниҳод намуд, ки Русияро бори дигар барои шомил шудан ба ҳафтгонаи бузург даъват намоянд ва Трамп низ ин пешниҳодро пазируфт.

Зеленский шарти асосии баргаштани Русия ба ҳафтгонаи бузургро пешниҳод кард

Зимнан раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар вобастагӣ ба ин масоил изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдорӣ ҳамагуна алоқамандӣ ба ҳафтгонаи бузург аст. Путин тасдиқ намудаст, ки шояд дар ояндаи наздик гурӯҳи мазкур боз ба Ҳаштгонаи бузург табдили ном кунад.