ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Токиои Ҷопон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо оғоз мешавад, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".
Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, тибқи маълумоти пешакӣ, 860 варзишгар (519 мард, 341 зан) аз 179 давлат иштирок мекунанд. Мусобиқот давоми 8 рӯз дар маҷмааи варзишии "Ниппон Будокан" сурат мегирад. Аввалин мусобиқаи олимпии ҷудо соли 1964 маҳз дар ҳамин маҷмаа доир гашта буд ва ҳамчунин он мусобиқоти ҷудои Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро қабул мекунад.
Манбаъ зикр мекунад, ки ҳар рӯз ду қувваозмоӣ сурат мегирад – 1 категорияи вазнӣ миёни мардҳо, як вазн миёни бонувон. Дар рӯзи охир – 1 сентябр – қувваозмоиҳои даставӣ ба нақша гирифта шудааст.
Назриев аз ҷудочии эронӣ шикаст хурду медали нуқра гирифт
Фонди ҷоизаи чемпионат 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар рақобатҳои инфиродӣ барои ғолибон 26 000 доллар, барои ҷои дуюм 15 000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 8 000-долларӣ пешбинӣ шудааст. Дар қувваозмоиҳои даставӣ бошад, ғолиб 90 000 доллар, дастаи ҷои дуюм 60 000 доллар ва ду дастае, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, 25 000-долларӣ ҷоизапулӣ мегиранд.