Истихроҷи 1 миллион тонна ангишт дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон эълом намудаст, ки тайи ҳафт моҳи ахири соли равон дар кишвар наздики 1 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 144 ҳазор тонна бештар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон наздик ба 63 дарсад аз ин миқдор ангишти истихроҷ шуда мутааллиқ ба ширкатҳои давлатӣ мебошад.

Наҷоти чор ангишткан аз қаъри 270 метр

Бар асоси ин гузориш дар ин муддат 8 ҳазор тон ангишт ба Покистон ва Узбакистон содир шудааст.

Дар Тоҷикистон аз захираҳои бузурги ангишт дар майдонҳои "Фон-Яғноб", "Шуроб" дар вилояти Суғд, "Назарейлоқ" дар Водии рашт, "Зидарра" дар шимоли шаҳри Душанбе ва "Сайёд" дар дарраи "Ромит" шаҳристони Ваҳдат истифода мешавад.

Манобеи Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон мегуянд барои таъмини ниёзи корхонаҳо  марказҳои тавлидии кишвар аз ҷумла маркази гармоишии шумораи 2 шаҳри Душанбе бояд тавлиди ангишт имсол ба 2 миллион тон бирасад.

Дар Тоҷикистон коркарди ангишт 20% зиёд мешавад

Дар соли 2018 барои бори нахуст дар Тоҷикистон як миллиону 900 ҳазор тон ангишт истихроҷ шуда буд.

Пеш аз истиқлоли Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар кишвар танҳо 309 ҳазор тон буд.