Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад

Дар пойтахти Тоҷикистон бо ишироки зиёда аз 50 муассиса – ноширони ватаниву хориҷӣ намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз 4 то 6 сентябр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад.

Муҳаммадзода 460 китоб хариду ба китобхона ва муассисаҳои фарҳангу маориф тақдим кард

Манбаъ қайд намудааст, ки намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки дар доираи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” як зумра барномаҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар назар аст.

“Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи “Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият”, озмуни “Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр” бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон тибқи Низомномаи намоишгоҳ озмун иборат аз се номинатсия – “Ношири муваффақ”, “Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон”, “Муаллифи сермаҳсули сол” эълон гардидааст, ки довталабон бояд то 30 августи соли равон маводашонро ба Кумитаи тадорукоти намоишгоҳ пешниҳод намоянд.

Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии “Санъати китоб” дар Боку иштирок хоҳад кард

Тавре масъулини вазорати фарҳанг зикр намудаанд, барои иштирок дар намоишгоҳ зиёда аз 50 муассиса – ноширони ватаниву хориҷӣ, китобхонаҳо, ташкилоти байналхалқӣ, донишгоҳҳо ва ҷамъиятҳо даъват шудаанд.

“Аз ҷумла, барои иштирок дар намоишгоҳ ба Русия, Ҳиндустон, Туркия, Узбакистон,  Афғонистон, Амрико, Беларус, Чин, Фаронса ва дигар давлатҳо даъватномаҳо ирсол гардидаанд”, иттилоъ додааст манбаъ.

Бояд тазаккур дод, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб бахшида ба Рўзи китоб ҳамасола дар шаҳри Душанбе баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб ба ҳукми анъана даромадааст.