ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Таҷлили Иди каду рӯзи 25 август, дар Маҷмааи савдои “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе дар назар аст.
Ҷамила Саидова иброз дошт, ҳар сол Иди каду ва харбуза якҷоя ҷашн гирифта мешуд, аммо имсол бо амри Президенти мамлакат идҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар алоҳидагӣ ҷашн гирифта мешаванд, хабар додааст “Ховар”. Манбаъ афзуд, дар ин рӯз кадупарварон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Ҳисор маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешниҳод менамоянд.
“Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст”, - омадааст дар иттилоия.
Ба гуфтаи муовини вазири кишоварзӣ дар рӯзи ид аз рӯи чор бахш – “Хоҷагии кадупарвари беҳтарин”, “Беҳтарин хон аз анвои кадугӣ”, “Кадуи калонтарин” ва “Намоиши навъҳои хӯрдании кадугӣ” озмун гузаронида мешавад. Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин рӯз меҳмонону сокинон метавонанд навъҳои гуногуни кадуро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ ба тасвиб расид.
"Мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.