Раҳмон ба 100 ятим туҳфа доду барояшон дастархон орост

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11 - и мактаб - интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои раисиҷумҳур - кумакпулӣ, сару либос ва дастархони идона бархӯрдор шуданд.

Арӯс таги чодар, шаҳбачаро бурданд: Раҳмон аз фоҷиаи оилавию нодорияшон гуфт-аксу видео

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд 15 муассисаи иҷтимоии интернатҳо, хонаи кудакон ва маъюбон амал мекунад, ки дар онҳо 470 нафар кудаки ятим ба ғамхории давлату ҳукумат фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии 470 ятим 245 каси онро духтарон ташкил медиҳанд.

Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки муассисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгзорӣ шуда, сарпарастон аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ ва шахсони эҳсонкор дар арафаи иду айём аз ҳоли бошандагон хабар мегиранду сару либос, хурока, ашёи хониш ва дигар мавод дастрас мекунанд.

Инчунин дар Маркази милии тестии назди Президенти Тоҷикистон барои ятимон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо бо квотаҳои ҷудонамудаи сарвари давлат беимтиҳон ба муассисаҳои олии кишвар барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки дар ин рӯз барои 100 кудаки ятим аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, барномаи махсуси фарҳангӣ мураттаб гардид, ки боиси болидаруҳии наврасон гашт.