Бо мақоми вижа: Ализода дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозони СҲШ ширкат кард

Дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Рӯзҳои 20-23 август, дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати ҷониби Русия баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии сафир оид ба супоришҳои махсус, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Назирмад Ализода иштирок намудааст.

Бо мақоми вижа: Ализода дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозони СҲШ ширкат кард

 

Ҷаласаро муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия И. Моргулов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо самтҳои авлавиятноки раёсати кишвараш дар Созмон (2019-2020) шинос кардааст.

Мансаби вижаи Назирмад Ализода баъди барканорӣ аз мақоми сафирӣ

Манбаъ афзуда, ки дар ҷаласа ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмон масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви СҲШ (ноябри соли 2019, Тошканд) ва Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ-ро барои соли 2020 баррасӣ намудаанд.

Душанбе боз мизбони президентҳо: Ҳукумат барои омодагӣ Расулзодаро роҳбар монд

Ёдрас мешавем, ки Назирмад Ализода, ки аввали соли равон бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи сафир дар Қазоқистон ва Муғулистон барканор шуд, моҳи март мақоми вижа гирифта сафир оид ба супоришҳои махсус, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай шуд.