Баҳои баланди Файзов ба сохтмонҳои нав дар Рӯшон - акс

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз омодагии ноҳияи Рӯшон ба таҷлили истиқлолияти давлатӣ розӣ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ноҳияи Рӯшон сафар кардааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, субҳи имрӯз Ёдгор Файзов бо мақсади ошноӣ бо иншоотҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,  ба ноҳияи Рӯшон сафар кардааст.

"Зимни боздид раиси вилоят ба сохтмонҳои ҷашнӣ баҳои баланд доданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки сохтмонҳо аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд.

Дар идомаи сафари корӣ, Ёдгор Файзов бо шароити зиндагии мардум дар маркази ноҳияи Рӯшон аз наздик ошно гардидааст.