Нуриддин Саид гуфт донишҷӯёни тоҷик бештар кадом донишгоҳҳои Русияро интихоб мекунанд

Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид изҳор намуд, ки миёни донишҷӯёни тоҷик кадом донишгоҳҳои Русия бештар маҳбубият доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олии Русия беш аз 24 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти вазири маориф Нуриддин Саид.

"Хоҳишмандони таҳсил намудан дар муасисаҳои миёна ва олии Русия миёни шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол афзоиш ёфтаст. Феълан дар қаламрави Федератсияи Русия 23 791 нафар тоҷикистониён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин раванд аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи маориф дарак медиҳад", - изҳор доштаст вазири тоҷик.

  

Русия барои Тоҷикистон дар соли равон 630 квотаи таҳсилотӣ ҷудо кард
Ба изҳори вазири маориф, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Русия  дар соҳаи маориф ва илм дар доираи созишномаи "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, маориф, тандурустӣ, информатика, варзиш ва туризм" аз 19 сентябри соли 1995 ва протоколҳои солонаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Зимнан маврид ба зикр аст, ки Русия дар соли хониши 2018 - 2019 ба Тоҷикистон 618 квота барои таҳсил дар бакалаврӣ, аспирантура ва ординатура ихтисос намуда буд.

Вазири маориф: Русия ба Тоҷикистон лоиҳаи мактабҳои минтақаҳои Қафқозро пешниҳод кард

Гузашта аз ин дар Тоҷикистон Донишгоҳи славянии Русияву  Тоҷикистон ва се намояндагии донишгоҳҳои маъруфи Русия ба номи М.В.Ломоносов  мавҷуд аст, ки беш аз 3 ҳазор донишҷӯйро дар бар мегирад.