Дар Нур - Султон вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиё Марказӣ чиро баррасӣ карданд?

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ масоилҳо аз қабили амнияти минтақавӣ ва тақвияти сулҳу суббот дар минтақаро мавриди баррасӣ қарор доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Нур-Султон нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби "С5+1" баргузор гардид.

Натиҷаҳои нишасти вазирон: Сироҷиддин Муҳриддин аз чӣ гуфт?

Ба иттилои манбаъ, дар кори ин нишаст вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур  муовини  Котиби  давлатии Амрико дар масъалаҳои сиёсӣ Давид М.Хейл, Вазири корҳои хориҷии  Қазоқистон Бейбут Атамқулов, Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингис Айдарбеков, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва Вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов иштирок намуданд.

"Ҷонибҳо перомуни кӯшишҳо барои таҳкими шарокат, дастгирии таҳавуллоти иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти амнияти минтақавӣ ва тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан, иштирокчиёни нишаст пуштибонии худро аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби қолаби "С5+1"  таъкид карда, онро ҳамчун форуми муҳим барои муҳокима ва ҳалли муштараки мушкилоти умумӣ, таҳкими истиқолол ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.

Дар Нур - Султон вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиё Марказӣ чиро баррасӣ карданд?

ВУХ Тоҷикистон дар зимн аз доир гардидани мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Котиби давлатии Амрико дар масъалаҳои сиёсӣ Давид М. Хейл хабар додааст.

Манбаъ меафзояд, аснои вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷоиба ва рушди робитаҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.