Душанбе ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро чӣ сон қайд мекунад?

Воридшави ба ҳамаи чорабиниҳо дар ҷашни 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ройгон сурат хоҳад гириф.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе тасмим гирифтаст, ки дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 - уми сентябр қайд мешавад, вуруд ба чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатии Душанбе ба таври ройгон сурат мегирад, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Дар Фархор то 30-солагии Истиқлолият 324 иншооти гуногун месозанд

Гузашта аз ин хабар дода мешавад, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамзамон тасмим гирифтаст, ки барои ятимони кул ва камбағалон,  тамошо аз боғу осорхонаҳои пойтахт ройгон ба роҳ монда шавад.

"Барои меҳмонони аз 14 то 70 - сола  вуруд ба боғҳои Фирдавсӣ, Айнӣ ва Хайём 2 сомониро ташкил медиҳад. Барои кӯдакони то синни 7- сола ва аз 70 - сола боло бепул аст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Раҳмон ба Деваштич рафт: раисҷумҳур қитъаи роҳи Душанбе - Чаноқро ифтитоҳ кард

Маврид ба зикр аст, ки дар вобастагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрдорӣ баргузор шудани чандин чорабиниҳои варзишӣ, ҳашари умумишаҳрӣ ва озмуну мусобиқаҳо ба назар гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, чорабинии асосӣ вобаста ба ин ид дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик  доир мешавад.

Ифтитоҳи иншоотҳои муҳим дар Деваштич ва дастуру супоришҳои Раҳмон ба масъулини ноҳия

Зимнан шаҳрдорӣ супориш додааст, ки чорабиниҳои идона дар тамоми ноҳияҳои Душанбе сурат гирад.