Дастури Давлаталӣ Саид: назорати асъорро пурзур кунед ба ҳолатҳои ҳаннотӣ роҳ надиҳед

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ дар Бонки миллӣ гуфт, барои пурзӯр намудани назорати асъори хориҷӣ бояд доимо ротатсияи кормандони хазинаҳои ташкилотҳои қарзӣ барои пешгирии ҳолатҳои ҳаннотӣ сурат бигирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ахиран дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили вазъи бозори дохилии асъор таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ бо иштироки ташкилотҳои қарзии кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид. 

Бонки миллӣ аз норасоии доллар ва фарқияти зиёди қурб дар бозори сиёҳ иқрор шуд

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, ба масъулини ташкилотҳои қарзӣ дастур дод, ки барои пурзӯр намудани назорати асъори хориҷӣ бояд ба таври доимӣ ротатсияи кормандони хазинаҳои ташкилотҳои қарзӣ барои пешгирии ҳолатҳои ҳаннотӣ анҷом дода шавад.  

Дар идомаи ҷаласа, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба омилҳои асосии тағйирёбии қурб ва зарурати анҷом додани тасҳеҳи қурбӣ, маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ дар амалиётҳои асъорӣ ва таъмини шаффофияти онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ сухан карда, барои таъмини талаботи соҳибкорон бо асъори хориҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бинобар саривақт таъмин шудани онҳо бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дар баробари ин эҷод накардани маҳдудият дар фурӯши асъори хориҷӣ ва аз байн бурдани омилҳои сунъӣ, аз ташкилотҳои қарзӣ даъват ба амал овард.

Прокурори генералӣ, вазири молия ва раиси Бонки миллӣ дар назди Раҳмон гузориш доданд

Зимни ҷаласа қайд карда шуд, ки бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллар  ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллар татбиқ қарда шуд, ки боиси бештар гардидани воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон гардида, фаъолияти ҳаннотонро дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд месозад.

Танбеҳи Раҳмон ба роҳбарияти Бонки миллӣ: аз Нурмаҳмадзода то Нуралиев огоҳӣ гирифтанд

Ҳамзамон зимни ҷаласа ташкилотҳои қарзӣ инчунин пешниҳоду таклифҳои худро барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар татбиқи сиёсати асъорӣ манзури ҳозирин карда, вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда фикру мулоҳизоти худро баён карданд. 

Дар охири ҷаласаи корӣ Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ, барои бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати роҳ надодан ба қонуншиканӣ аз тарафи кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар бозори дохилии асъори хориҷӣ, саривақт бо асъори нақди хориҷӣ таъмин намудани воҳидҳои сохтории худ бо мақсади анҷом додани амалиётҳои асъорӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахсони ҳуқуқӣ бо асъори хориҷӣ ва дигар масъалаҳои пурзӯр намудани назорат дар низоми бонкӣ дастур дод.